Рӯзи Модар дар ноҳияи Нуробод бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Март 8, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Модар дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд.

«Модар – тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон ва ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад»,-чунин иброз намуд иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода.

Ҳамчунин иброз гардид, ки занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз инчунин сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рӯзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, яъне ободии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Март 8, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»