Рӯзи Модарро дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо чӣ гуна ҷашн мегиранд?

Март 7, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Инак, соли 16-ум аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Модар бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар мамлакати мо ба пешвози ин ид чанд рӯз қабл омодагӣ мегиранд ва қариб ҳамаи занон дар ин рӯз пас аз кор бо гулу гулдастаҳо ба хона меоянд.

Барои ҳар хонанда аҷиб аст, ки оё дар дигар кишварҳо низ ин рӯзро чунин бошукуҳ ва бо арҷгузорӣ ба Зан-Модар ҷашн мегирифта бошанд? Таърихи пайдоиши ин ҷашн аз куҷо сарчашма мегирад ва таҷлили он дар кишварҳои мухталифи олам чӣ гуна аст? Хабарнигори АМИТ «Ховар» пайгири ин мавзуъ гардид.

Тоҷикистон

Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо Рӯзи Модар эҳё гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд.

Рӯзи Модар иди ҳар зан ва ҳар хонавода буда, бешубҳа, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят менамояд.

Пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷомеа, бешубҳа, ба зан вобаста аст, аз ин рӯ болида гардонидани руҳияи онҳо ба воситаи эҳёи ин ҷашн ба манфиати маънавии миллати тоҷик мебошад. Рӯзи Модар ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба занони покдомани миллат, тарбиядиҳандагони фарзандони солими Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва ниҳоят ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад.

Дар ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми занон-модарон бо гулу гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, аз ҷониби атрофиён пайваста сухану табрикоти самимӣ қабул медоранд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар тамоми идораю корхонаҳо ҳамоишу барномаҳои ҷашнӣ доир карда, занону духтаронро бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ менамоянд. Рӯзи Модар дар мамлакати мо рӯзи истироҳат эълон гардидааст.

Фаронса

Ба назар чунин менамояд, ки фаронсавиҳои шево ва ошиқ ин рӯзро танҳо сабабе медонанд, ки бори дигар ба азизонашон гул ҳадя намуда, онҳоро хушҳол созанд. Ҳарчанд 8 март дар тақвими Фаронса ҳамчун ид қайд шудааст, аммо касе онро ҷашн намегирад. Тамоми таваҷҷуҳ ба Рӯзи Модарон, ки ба якшанбеи охири моҳи май рост меояд, нигаронида шудааст. Ростӣ, вижагии ин рӯз дар Фаронса он аст, ки танҳо табрик кардани занони ҳомила ва занони кӯдакдор анъана шудааст.

Лаҳистон

Дар Лаҳистон ҳама дар бораи 8 март медонанду огаҳӣ доранд, аммо онҳо онро рӯзи истироҳат намеҳисобанд, аз ин рӯ занон дар ин рӯз софдилона кор мекунанд.

Мардони лаҳистонӣ кӯшиш менамоянд, ки дар ин рӯз ба ҳар зану духтари хонадон яктоӣ гулдаста тақдим карда, табъашонро болидаю шод намоянд.

Италия

Италиявиҳо 8 мартро ба таври умда ҷашн намегиранд ва он дар тақвимашон ҳамчун рӯзи корӣ шуморида мешавад. Дар ин кишвар рӯзи 8 март як анъанаи аҷибе побарҷост- дар ин рӯз занони италиявӣ гурӯҳ- гурӯҳ ҷамъ омада, байни якдигар базм меороянд ва ҳамдигарро бо шӯхиву суханҳои ҳаҷвомез болидахотир месозанд.

Чин

8 март барои чиниҳо Рӯзи иди давлатӣ аст. Аммо онро бо тантана ҷашн намегиранд. Дар ин рӯз танҳо хориҷиёнро бо гулу гулдастаҳо дар байни хиёбонҳои шаҳр дида метавонед, ғайр аз ин дар Чин ҳадя кардани гулҳои буридашуда чандон маъмул нест. Дар ин рӯз занон то нисфирӯзӣ, аммо мардон тамоми рӯз кор менамоянд.

Туркманистон

Туркманистон ба таври расмӣ аз соли 2008 дубора таҷлил кардани Рӯзи байналмилалии занонро оғоз намуд. Нахустин президенти ин кишвар анъанаи тақдими туҳфаҳои пулӣ аз номи роҳбари давлатро ба тамоми занони кишвар роиҷ намуд. Нақши зан дар кишварҳои Шарқ, ки арзишҳои оилавӣ дар он ҷо побарҷо аст, хеле баланд аст. Роҳбарияти кишвар ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар саросари Туркманистон ҷашнҳои оммавӣ ташкил менамояд ва нақши занонро дар ҳифзу афзун намудани ин арзишҳо таъкид менамояд.

Британияи Кабир

Дар Англия 8 март ҷашн гирифта намешавад. Рӯзи занонро мисли Олмон ва Фаронса аввалҳои моҳи май дар Рӯзи модар ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз хонумҳои англис истироҳат менамоянд ва мардон ба корҳои хона машғул мешаванд.

Мағозаҳо дар ин рӯз шириниҳои анъанавии симнел ба фурӯш гузошта, онро бо 12 тӯби марсипанӣ оро медиҳанд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Март 7, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани гиёҳи ҷағ-ҷағ ва ҷамилак иллати меъдаро рафъ ва кори дилро муътадил менамояд
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Доктори илмҳои биологӣ, профессор Фирӯза Носирова дар рушди илми биология дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Занону модарони тоҷик тақдирсоз ва таърихсоз мебошанд
Нақши занон дар хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург дорад
Гурдофарид рамзи паҳлавонию ҷасорати Зан-Модари тоҷик дар «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ аст
Модарон мураббию роҳнамои наслҳо ва инсонҳо мебошанд
Иқдоми Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ кафили рушди устувори бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя мебошад
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Модар нахустин устод ва домони покаш аввалин дабистони ҳар яки мост»
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд