Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди боғи интенсивӣ шинос шуданд

Март 29, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Дар деҳоти Овчиқалъача Сарвари давлат ба хотири сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи интенсивии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида, мардуми ноҳия ва олимону кормандони соҳаи кишоварзиро ба вусъат бахшидани амалҳои сабзу хуррамгардонӣ ҳидоят намуданд.

Боғи интенсивӣ дар маҷмуъ 20 гектарро ташкил дода, асосан дар ҷойи боғоти куҳнаи зардолу, ки бо гузашти бештар аз 30 сол аз самар боз монда буд, бунёд карда шуд. Аз ин нишондиҳанда 10 гектарро боғи себу гелос, 10 гектари дигарро боғи шафтолу ташкил медиҳад. Дар боғи навбунёд бо мақсади таъмини сабзиши ноҳолҳо обмонии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбат бо олимону хоҷагидорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ таъкид гардид, ки ҳангоми бунёди боғот ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол ва зиёд намудани масоҳати боғҳои ҳосилаш ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Тибқи маълумот, филиал дорои 564 гектар замини кишоварзӣ буда, наздики 400 гектар боғ ва зиёда аз 80 гектар токзор маҳсули кори чандинсолаи олимони ин муассисаи илмӣ мебошад.

Олимону кормандони филилаи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд соли 2014 низ дар масоҳати 4 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда буданд. Боқимонда боғу токзори анъанавӣ буда, ҷиҳати дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам натиҷаҳо назаррасанд.

Бино ба таъкиди олимон, боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар мамлакат солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медароянд.

Замини байни қатори боғот низ самараноку оқилона истифода мегардад. Яъне то давраи калон шудани ниҳоли дарахтон дар байни қатори он зироати гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад.

Дар соли аввал олимони филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни қаторҳои боғи нави интенсивӣ дар масоҳати 6 гектар пиёз, 4 гектар сабзӣ ва зери плёнка 2 гектар тарбуз кишт намуданд. Ҳамзамон дар масоҳати хурд барои таҷриба пиёзи анзур парвариш карда мешавад. Барои гирифтани тухмии сабзӣ ва помидори серҳосил низ дар қитъаҳои алоҳида ин ду навъи зироат кишт карда шудааст. Аз давраи кишт то ҷамъоварии ҳосил хусусиятҳои зироат пурра омӯхта мешавад.

Олимони филиал дар самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорию токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши картошка фаъолияти илмию таҳқиқотиро тақвият мебахшанд.

Иттилоъ дода шуд, ки то ин муддат филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои офаридани 8 навъи зардолу, як навъи сабзӣ ва як навъи ангур соҳиби 12 шаҳодатномаи муаллифӣ шудааст. Ҳамзамон ду навъи зардолу, 3 навъи ангур, ду навъи пиёзи анзур ва як навъи пиёз, ки аз ҷониби олимони филиал офарида шудааст, мавриди озмоиш қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои аграрии ин мавзеъ, ташаббуси масъулони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро оид ба барқарорсозии боғҳои куҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёд ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад.

Масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидории вилоят зиёда аз 70 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз ин нишондиҳанда наздики 60 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Таваҷҷуҳи хоҷагидорони вилоят барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ зиёд аст. Ин аст, ки аз масоҳати умумии боғҳои бунёдшуда қариб 1000 гектарро боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ташкил медиҳад.

Шиносоӣ бо раванди бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29.03.2025

Март 29, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ИСЕСКО Салим ал-Моликро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд