Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Март 29, 2025 17:37

ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири муҳтарами Покистон мубодилаи табрикотро ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр анҷом доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро иброз намуда, ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Покистон бо изҳори қаноатмандӣ аз раванди афзоишёбандаи рушд ва тавсеаи робитаҳои ду кишвар ёдовар шуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатиро ҳамчун омили калидии пешбурди минбаъдаи шарикии ду кишвар таъкид карда, рӯзномаи мулоқотҳои сатҳи олӣ ва баланди дарпешистодаро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима карданд.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Март 29, 2025 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон