SuperApp-и маъруф боз ҳам мувофиқтар гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони IT-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интерфейси замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро такмил доданд. Яке аз маъмултарин SuperApp-и ҷумҳурии мо барои корбарон мувофиқтар гардидааст ва иҷрои якчанд амал ҳоло вақти камтарро мегирад.
Хизматрасониҳо зери тугмаи алоҳида
Пайдо намудани сервисҳои зарурӣ дар дохили замима осонтар гардид. Пештар дарёфти онҳо тавассути «Ҳамён» доир мешуд. Ҳоло барои ин пахши тугмаи «Хизматрасониҳо» дар феҳристи поёни экран кифоя аст. Дар рӯйхати кушодашуда шумо метавонед маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруҳоро фармоиш диҳед, қарзу суғуртаро ба расмият дароред, чиптаҳои ҳавопаймо, чиптаҳоро барои кино, театр ва намоишгоҳҳо бихаред.
Аз сторис рост ба сомона
Сторисҳои интерактивии дар зери хати тасвири тавозун ҷойгиршуда такмил дода шуданд. Пештар шумо бояд аввал паёмакро аз назар мегузаронидед ва сипас ба сомонаи ҷолиб мустақилона тавассути браузер мегузаштед. Ҳоло ҳангоми пахши сторис корбар фавран ба «нуқтаи даркорӣ» мерасад. Масалан, равзанаи «Кор дар МегаФон» соҳиби смартфонро ба сомонаи jobfm.tj мебарад, ки дар он ҷо вазифаҳои озодро пайдо намудан мумкин аст.
Суроға (диплинк)-ҳо – роҳи кӯтоҳ ба сӯи маълумот
Зимнан, масири иттилоот низ содатар карда шудааст. Истифодаи суроғаҳои бевосита (диплинкҳо) имкон медиҳад, ки соҳибони дастгоҳҳои Android ва iOS ба бахши зарурии замимаи MeгаФон Life гузаранд. Масалан, ҳангоми гирифтани SMS бо пешниҳоди тамошои блокбастери нав корбар аз тариқи суроғаи воридшуда ба саҳифаи иқдоми дахлдор дар замима мегузарад. Ҳамин тариқ, роҳ чанд қадам кӯтоҳтар шуд ва дар хотир гирифтани тартиби амалҳо дигар зарур нест, зеро онҳо бо истиноди бевосита иваз карда мешаванд.
Мушаххаскунӣ (идентификатсия) дар дохили замима
Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар радифи дигар имконоти мувофиқ пешниҳод намуданд, ки тартиби идентификатсияи фосилавии истифодабаранда содатар карда шавад. Акнун метавонед онро бевосита дар замима, бе гузариш ба сомона анҷом диҳед. Инчунин бо ин роҳ вақт камтар сарф шуда, маҳорати корбар меафзояд.
«МегаФон Life» ҳарчи бештар ба воситаи муфиду муносиб ва функсионалӣ табдил ёфта, барои рафъи аксари эҳтиёҷоти ҳаррӯза кумак мерасонад. SuperApp –ро боргирӣ намоед ё онро то сатҳи намунаи охирин нав намуда, аз тамоми имконияти замима баҳравар гардед!
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






