ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 март, душанбе, 83-юмин рӯзи соли 2025 аст

Март 24, 2025 08:00

24 марти соли 2009 дар шаҳри Тошканд даври 7-уми Мусобиқаи 3-юми байналмилалии шоҳмот барои хотираи Георгий Агзамов баргузор гардид. Дар даври 7-ум шоҳмотбози беҳтарини тоҷик Фаррух Амонатов бо 5,5 хол ҷойи  2-юмро ба даст овард.

***

24 марти соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи Созмони Милали Муттаҳид,  вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардид.

***

24 марти соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд.

***

24 марти соли 2020  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2021» баргузор гардид.  Дар он 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг  пойга намуданд.

***

24 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум, корҳои саҳроӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

***

24 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони Созмони Милали Муттаҳид Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гашт.

24 МАРТ:

Дар Тоҷикистон- Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷӯрахон Искандаров -соли 1915- сароянда, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон

Март 24, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш