ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 март, ҷумъа, 87-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 28, 2025 08:00

28 марти соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфтанд.

***

28 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2019 беш аз 100 ширкати тавлидотии ватанию хориҷӣ молу маҳсулоташонро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд.

***

28 марти  соли 2020 Ассотсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати давлатҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором, ки яке аз ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мамлакати  устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд.

***

28 марти соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Душанбе ташриф овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси ин созмон доир гардид, ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд.

***

28 марти соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад оид ба ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобили шаҳрвандон баррасӣ гардид.

***

28 марти соли 2023 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Road and Bridge Corporation» ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи ҳамоиши  наврӯзии «Корвони шодӣ» аз ҷониби Сайид Умари Маъсум — ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

28 МАРТ:

 Дар Чехия – Рӯзи муаллим.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Мавлудахон Абдуллоева— соли 1942-забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор

Март 28, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш