Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ вусъат мебахшанд

Март 13, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маросими имзои 16 санади дуҷониба доир гардид. Аз ҷумла, Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин созишнома бо мақсади вусъат додани ҳамкорӣ  дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди ҳамкории илмӣ-техникӣ ва иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои зерин: растанипарварӣ, чорводорӣ, механиконии истеҳсолоти кишоварзӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштараки фаромарзӣ ва чорабиниҳои муборизавӣ бар зидди малах дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, технологияи инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар соҳаи кишоварзӣ, табодули таҷриба оид ба рушди кооперативҳои кишоварзӣ ва табодули таҷриба оид ба рушди кластерҳои агросаноатӣ амалӣ мешавад. Инчунин мубодилаи  татбиқи технологияи нав дар истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ доир шуда, намоишгоҳҳо, семинарҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Амалишавии созишнома ба ташкил ва фароҳам овардани шароит дар барқарор намудани равобити бевоситаи субъектҳои хаҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар воридоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ, захираҳои моддию техникӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқавории мамлакат ва беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намуда, барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат мусбат арзёбӣ мегардад.

Дар доираи татбиқи созишнома бо ризоияти тарафайн аз рӯйи лоиҳаҳои мушаххас шартномаҳо ва созишномаҳо баста мешаванд ва ин созишнома барои онҳо асос мегардад.

Созишнома ба муҳлати 5 (панҷ) сол баста шудааст. Созишнома аз дебоча ва 10 модда иборат буда, бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои манфиат ва беҳбуди мардумони ҳарду мамлакат ва баҳисобгирии мавқеи асосии бахши аграрӣ дар рушди иқтисод ва амнияти озуқаворӣ мувофиқи мақсад мебошад.

АКС аз манбаъҳои ьоз

Март 13, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд