Туркия имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 15, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Туркия дар Душанбе.

«Мо аз созишномаи муайян намудани хати сарҳад, ки 13 март байни  миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид, истиқбол мекунем. Умедворем, ки ин созишнома, ки дар натиҷаи муколамаи наздики ду мамлакат  дар сатҳи олӣ ба имзо расид, ба сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат хоҳад намуд»,- иброз доштанд дар сафорат.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 15, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд