Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки гӯштингирӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ ворид карда шавад
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Президенти Кумитаи олимпии давлати Қатар Ҷоан Бин Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд бо Давлати Қатарро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мизбонии муваффақонаи Қатарро дар мусобиқаи муҳими байналмилалии варзишӣ – Ҷоми Осиё оид ба футбол табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки воқеан варзиш воситаи муассири беҳдошти тарғиби тарзи ҳаёти солим барои инсоният, махсусан ҷавонон ба шумор меравад. Боиси ифтихору хушҳолӣ аст, ки маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш, бахусус навъҳои варзиши олимпӣ дар мамлакати мо дар марҳилаи рушд қарор доранд.


Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақши Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиёро дар иштироки фаъоли варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпии ҷаҳон ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки варзиши гӯштингирӣ дар марҳилаи аввал ба Бозиҳои Осиё ва дар марҳилаи дуюм ба Бозиҳои олимпӣ ворид карда шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё таклифи инҷонибро дар муҳлатҳои наздик ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар фарҷом ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






