Рустами Эмомалӣ бо Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон мулоқот анҷом доданд

Апрель 3, 2025 14:29

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Иброз гардид, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ду давлат муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвари бо ҳам дӯст таҳким меёбад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобил ва ҷалби бештари сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 3, 2025 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд