22 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОДАР-ЗАМИН. Заминро бояд самаранок ва оқилона истифода бурд

Апрель 22, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  22 апрел Рӯзи байналмилалии  Модар-Замин ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус соли 2009 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳадаф аз чунин иқдом ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад.

Истилоҳи «Модар-Замин» дар бисёр давлатҳо маъмулан пазируфта шуда, муносибати сайёра, экосистемаҳои он ва одамонро инъикос менамояд.

Мақсад аз  эълон намудани  Рӯзи байналмилалии Модар – Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад. Ин сана  аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар мамлакатҳои дунё ташаббус ва иқдоми наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешавад. Ҳар нафар вазифадор аст, ки нисбат ба Замин  ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.

Вазифаи асосии сана ба одамон хотиррасон намудани ин масъулият- аз хатару хавфҳои глобалӣ, ки дар назди хонаи умумии мо истодаанд, эмин нигоҳ доштани сайёра мебошад. Олимони табиатшинос собит намудаанд, ки дар натиҷаи сӯхтани маводи табиӣ об шудани пиряхҳои қутбӣ бо суръат идома дорад.

Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин сана чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд. Дар ин рӯз гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои назариявию амалӣ, ба монанди машварату мизҳои мудаввар, иқдоми экологӣ, аз ҷумла тоза намудани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Таҳияи барнома яке аз иқдоми муҳими  ҷумҳурии мо дар самти ҳалли мушкилоти  обу иқлим  арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон  минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст, ки аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат гузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.

Дар мамлакати  мо манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзор сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзор вобастагӣ дорад.

Замин боигарии асосии ҳар давлат аст. Бо самаранок ва оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замин мо меҳру муҳаббати худро нисбат ба Модар-Замин  нишон медиҳем. Ин масъулияти умумии мо ва масъулияти ҳар фард аст.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

 

Апрель 22, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон