Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд

Апрель 28, 2025 15:54

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2003 инҷониб 28 апрел Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат дониста мешавад. Дар айни замон дар бештар аз 100 давлати ҷаҳон бахшида ба ин сана ҳамоишҳо доир мегарданд. Имсол ин рӯз таҳти унвони «Равандҳои муосир ба бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат: нақши зеҳни сунъӣ (AI) ва рақамикунонӣ дар ҷойи кор» таҷлил гардид. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳимояи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ва ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнати кормандон мебошад.

Дар ҳамоиш масоили пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, фаҳмонидани ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва корфармоён, сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат, зиёд намудани музди маоши кормандон ва бақайдгирии саривақтии шартномаҳои коллективӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Корфармо бояд ба тариқи шартномаи меҳнатӣ коргарро ба  кор қабул намуда, бо сару либос ва пойафзоли махсус таъмин намояд, инчунин шароити мусоиди маишӣ муҳайё созад. Инчунин таъмин намудан бо имтиёзи пешбинигардида, риоя намудани ҳуқуқҳои занон, ноболиғон, таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат, таъмин намудани ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо, шароити бехатари меҳнат, татбиқи низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими соҳа мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 чунин иброз намуданд: «Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот, аз ҷумла прокуратура масъалаҳои мазкурро бояд ба таври ҷиддӣ назорат намояд».

Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон  муайян гардиданд. Новобаста ба имконияти маҳдуди молиявии давлат таъмини шуғли аҳолӣ, шароити муносиби корӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон аз рӯзҳои аввал ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат дарҷ гардидаанд. Тибқи  Конститутсия, «ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми  бекорӣ ҳақ дорад».

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 28, 2025 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд