Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, инчунин рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори сайёҳии пойтахти мамлакат ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол»-и пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш 100 акси манзараҳои зебо ва маконҳои сайёҳии пойтахт, ки аз ҷониби Дидор Саъдуллоев аксбардорӣ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (Dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (Dushanbe.travel), Тик-Ток (Dushanbe.travel) ва Телеграм (Dushanbe.travel)-и шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инъикос мегарданд, рӯнамоӣ гардид.
Дар намоиш роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ҳамаи ин пешравиҳои рӯзафзун ва рушду тараққиёт маҳз ба туфайли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, амнияту субот ҳамчун пойдевор ва маншаи ҳамаи пешрафту комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ рӯйи кор омада, умеди мардумро ба ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлол беш аз пеш афзун менамоянд. Воқеан, пойтахт муаррифи давлату миллат буда, барои бегазанду беолоиш нигоҳ доштан ва ба оламиён ба таври шоиста шинос кардани он кормандони мақомоти давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини ватандӯсти мамлакат вазифадору масъул мебошад.
Таъкид карда шуд, ки амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ мо, ҷавононро водор месозанд, ки ба қадри Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи саросарӣ бирасем ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми назаррас гузорем.
Ҳамоиши имрӯза бо ташкили сайри рӯзноманигорон бо мақсади шиносоӣ бо имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма, аъзои Иттифоқи журналистони Точикистон, Ассотсиятсияи блогерони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон доир гардид.
Зимни намоиш аз ҷониби роҳбаладон аксҳои ба намоиш гузошта, ки дар онҳо манзараҳои дилфиреб, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии пойтахт инъикос шудаанд, муаррифӣ гардиданд.
Дар доираи намоишгоҳ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма хатсайри сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъол гардид. Зимни он иштирокчиён маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахтро тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоиши аксҳои Душанбе то 19 апрел идома меёбад. Тамоми сокинону меҳмонон ва сайёҳони пойтахт метавонанд онро тамошо намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






