Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид

Апрель 16, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, инчунин рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори сайёҳии пойтахти мамлакат ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол»-и пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон  доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш 100 акси манзараҳои зебо ва маконҳои сайёҳии пойтахт, ки аз ҷониби Дидор Саъдуллоев аксбардорӣ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (Dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (Dushanbe.travel), Тик-Ток (Dushanbe.travel) ва Телеграм (Dushanbe.travel)-и шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инъикос мегарданд, рӯнамоӣ гардид.

Дар намоиш роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ҳамаи ин пешравиҳои рӯзафзун ва рушду тараққиёт маҳз ба туфайли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, амнияту субот ҳамчун пойдевор ва маншаи ҳамаи пешрафту комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ рӯйи кор омада, умеди мардумро ба ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлол беш аз пеш афзун менамоянд. Воқеан, пойтахт муаррифи давлату миллат буда, барои бегазанду беолоиш нигоҳ доштан ва ба оламиён ба таври шоиста шинос кардани он кормандони мақомоти давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини ватандӯсти мамлакат вазифадору масъул мебошад.

Таъкид карда шуд, ки амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ мо, ҷавононро водор месозанд, ки ба қадри Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи саросарӣ бирасем ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми назаррас гузорем.

Ҳамоиши имрӯза бо ташкили сайри рӯзноманигорон  бо мақсади шиносоӣ бо имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма, аъзои Иттифоқи журналистони Точикистон, Ассотсиятсияи блогерони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон доир гардид.

Зимни намоиш аз ҷониби роҳбаладон аксҳои ба намоиш гузошта, ки дар онҳо манзараҳои дилфиреб, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии пойтахт инъикос шудаанд, муаррифӣ гардиданд.

Дар доираи намоишгоҳ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма хатсайри сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъол гардид. Зимни он иштирокчиён маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахтро тамошо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намоиши аксҳои Душанбе то 19 апрел   идома меёбад. Тамоми сокинону меҳмонон ва сайёҳони пойтахт метавонанд онро тамошо намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 16, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд