Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муғулистон машваратҳои сиёсӣ доир шуданд

Апрель 17, 2025 17:09

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел машваратҳои сиёсии байниидоравӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҷониби Муғулистонро котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ Мунхтушиг Лханааджав роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳои навбатӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва  Муғулистон, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ, тақвияти тамосҳои мустақим, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкории иқтисодӣ  байни Тоҷикистон ва  Муғулистон изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2025 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд