Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел бахшида ба Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи илмӣ — назариявии устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти илму техника ва беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳаи маориф шароит фароҳам оварда шуд. Дар ин замина нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва муаррифии шоистаи имконияти Тоҷикистон ниҳоят бузург аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2025 12 устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар дар шуроҳои диссертатсионӣ муваффақона рисола дифоъ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи илмӣ — назариявии устодону донишҷӯён 17-18 апрел дар 45 кафедра доир шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






