Дар Душанбе рақамикунонии низоми судӣ баррасӣ гардид

Апрель 15, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Тағозода  бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финландия вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои амалигардонии раванди рақамикунонии низомии судии мамлакатро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки яке аз мақсадҳои асосии рақамикунонии низомии судӣ дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба адолати судӣ бо тарзҳои муосир мебошад.

Дар охир шарикони рушд вобаста ба дастгирии ислоҳоти судӣ барои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми судии Тоҷикистон  изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар мавриди гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Апрель 15, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд