Дар Душанбе сохтмонҳои ғайриқонунӣ, ошхона ва фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ бартараф карда мешаванд

Апрель 15, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе сохтмонҳои ғайриқонунӣ, ошхона ва фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ, ки ободию зебоии шаҳри Душанберо коста мегардонанд, бартараф карда мешаванд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони милитсияи пойтахт ва сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои анҷом додани ин амал муваззаф гардидаанд.

Дар натиҷаи санҷиши муштарак дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур шумораи зиёди нуқтаҳои чӯбини савдо ва хизматрасонӣ, ошхонаи сарироҳӣ ва ҳолатҳои таваққуфи нодурусти нақлиёт, ки боиси танбашавии шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мегарданд, муайян ва бартараф карда шуданд.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе атрофи бозори «Обшорон», ки шаҳрвандон дар маконҳои муайяннашудаи он ба савдои сарироҳӣ машғул буданд, ба тартиб дароварда шуда, сохтмонҳои ғайриқонунӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Мақомоти дахлдор ба маълумот мерасонад, ки дар минтақаҳои гуногуни пойтахти мамлакат «Гӯшаҳои деҳқон» ташкил карда шудаанд. Аз ин лиҳоз шаҳрвандону деҳқононро зарур аст, ки дар чунин маконҳои муайяншуда ба фурӯши маҳсулот машғул шаванд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Апрель 15, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид