Дар Ҳиндустон бар асари тирпаронии ҷангҷӯён 27 сайёҳ ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари ҳамлаи ҷангҷӯён дар мавзеи сайёҳии Пахалгами Ҳиндустон, воқеъ дар қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир 27 нафар ҳалок гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии «News 18 India» бо истинод ба манбаъҳояш хабар додааст.
Шумораи умумии ҳалокшудагон то ҳол муайян карда мешавад. Ба иттилои ин шабакаи телевизионӣ, одамони зиёде маҷруҳ шудаанд. Дар байни гурӯҳҳои сайёҳоне, ки дучори ҳамла шуданд, занон ва пиронсолон низ будаанд. Шаҳрвандии ҳалокшудагон ҳанӯз мушаххас карда нашудааст, вале маълум аст, ки ду шаҳрванди хориҷӣ ҳалок шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин ҳамла яке аз маргбортарин ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа гардидааст. «Ин ҳамла нисбат ба тамоми ҳамлаҳое, ки солҳои охир бар зидди мардумони осоишта равона шуда буданд, хеле калонмиқёс аст»,-иброз намуд роҳбари минтақа Умар Абдулло.
Мақомоти маҳаллӣ ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






