Дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар вобаста ба саҳми иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш доир шуд

Апрель 22, 2025 19:22

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Саҳми иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар рушди амнияти озуқаворӣ, иқтисоди аграрӣ ва бахши табиию риёзӣ: назария, методология ва ҷанбаҳои амалӣ» конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин коллеҷ хабар доданд.

Дар конференсия роҳбарият, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, олимон, муҳаққиқон, мутахассисон, коршиносон ва донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, намояндагони институтҳои таҳқиқотӣ ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, инноватсия, амнияти озуқаворӣ, соҳаи кишоварзӣ, зеҳни сунъӣ, обу иқлим, бахши табиию риёзӣ, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, соҳаи соҳибкорию сайёҳӣ, иқтисоди «сабз», комплекси агросаноатӣ, андозу молия, бонку тиҷорат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зимни конференсия баррасӣ шуданд.

АКС: Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

 

Апрель 22, 2025 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид