Дар шаҳри Боку консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид

Апрель 15, 2025 11:32

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  9 апрел дар қасри ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.

Дар барномаи фарҳангӣ, ки бо дар партави дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил ва гузаронида  шуд, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимлӣ, Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони аҳли зиё, доираҳои илму фарҳанг ва санъати Озарбойҷон, корпуси дипломатӣ ва сокинону меҳмонони шаҳри Боку иштирок намуданд.

Ҳунармандон ва мутрибони боистеъдоди тоҷик ба тамошобинон барномаи ҷолибу рангорангро бо иҷрои мусиқию сурудҳо аз эҷодиёти муаллифони машҳури тоҷику озарӣ, инчунин асарҳои мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла операҳои Ҷузеппе Верди, Ҷорҷ Бизе ва оҳангу сурудҳои Клаус Баделт, Фрэнк Синатра ва Муслим Магомаев пешкаш намуданд.

Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо самимияти зиёд  ва кафкӯбиҳои бардавом истиқбол карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ҳамчун рамзи симои маънавии мардум дар  муттаҳидсозии иқтидори  илмию зеҳнӣ, таҷассуми таърихи муосиру бостонӣ,  урфу одат, расму ойини мардумӣ  ва  ёдгориҳои таърихии давлат ва миллати тоҷик мақоми шоиста дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои таҳкими  арзишҳо ва фарҳанги миллӣ  бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар тадбирҳои судаманд андешида шуда, ин соҳа пайваста ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.

Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда,  яке аз сохторҳои  фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва  ҳоло Тоҷикистонро бо фарҳанги асилу ҳунари воло  дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Оркестри симфонӣ нахустин маротиба  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ  пешниҳод намуда  буд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

Апрель 15, 2025 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд