Дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид. Дар байни 18 шаҳру навоҳии вилоят шаҳри Хуҷанд барои саҳми арзанда дар ободонию созандагӣ ва сабзазоркунӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ сазовор гардонида шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ беш аз 1 миллион дона гулҳои ҳархела ва беш аз 300 ҳазор дона гули лола шинонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






