Дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид

Апрель 21, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид.  Дар байни 18 шаҳру навоҳии вилоят шаҳри Хуҷанд барои саҳми арзанда дар ободонию созандагӣ ва сабзазоркунӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ сазовор гардонида шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ беш аз 1 миллион дона гулҳои ҳархела ва беш аз 300 ҳазор дона гули лола шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд 

 

Апрель 21, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд