Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» бо намоиши «Куруши Кабир» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» бо намоиши «Куруши Кабир» оғоз мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.
Фестивал бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландмазмуни ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомон доир мешавад.
Фестивал то 21 апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон менамоянд.
Инчунин пагоҳ дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Хорпуштак ва Рӯбоҳ», дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Тангои ҷиноятӣ» ва дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши «Евгений Онегин» манзури тамошобинон гардонида мешавад.
Дар фестивал аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда коршиносони соҳаи театр аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни фестивал–озмун барои коргардонҳо ва ҳунарпешагони театрҳои Тоҷикистон бо иштироки коршиносони хориҷӣ дарсҳои маҳорат доир шуда, намоиши ғайриозмунии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода «Заҳҳок» аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ пешниҳод гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






