«ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар доираи Ҳафтаи илм таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия дар мавзуъҳои «Илм – самараноктарин соҳаи фаъолияти иқтисодии ҷомеаи муосир», «Истифодаи технологияҳои каммасраф дар истеҳсоли синтези амиак», «Ҳолати энергиясамаранокии биноҳои шарвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра маърузаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ якчанд чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла мизҳои мудаввар ва машваратҳои илмӣ баргузор шуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






