Имрӯз аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сол сипарӣ мешавад

Апрель 5, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ваколатдори давлатӣ таъсис гардид. Ҳадафи таъсиси ин ниҳод  иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин барқарор намудани зарари ба манфиати давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда мебошад. Имрӯз аз таъсиси ин ниҳоди муҳими давлатӣ 7 сол сипарӣ мешавад. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар мақолааш  доир ба  «Ташаккул ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро дар даврони соҳибистиқлолӣ».

Матни пурраи мақола пешниҳод мегардад:

— Дар давоми таъсис ва фаъолияти Хадамоти иҷро аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бахусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтааст. Хадамот дар фаъолияти худ ба таҳким ва такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат карда, сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо маротиб баланд гардида, ин самти фаъолият давра ба давра ташаккул ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст.

Дар давраи фаъолият худ Хадамоти иҷро дар баробари дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати таҳкими адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва давлат мақоми хоса пайдо намудааст.

Бо такя ба таҳлилҳои ҷойдошта, ба инобат гирифтани таҷрибаи андӯхтаи миллӣ ва байналмилалӣ ва бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин заминаҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот такмил ёфта, барои таъмини самаранокии фаъолият воҳидҳои кории иловагӣ ҷудо шуд. Инчунин ҳамкории байналмилалии Хадамот бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷӣ тавассути имзои санадҳои дахлдор тавсеа ёфтааст.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Хадамот низ гувоҳи он аст, ки аз лаҳзаи таъсис, яъне моҳи апрели соли 2018 то семоҳаи якуми соли 2025 тавассути амалигардонии чораҳои маҷбурии қонунӣ, иҷрои воқеии 263931 (дусаду шасту се ҳазору нуҳсадусивуяк) ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи умумии 1 миллиарду 112 миллион сомонӣ, 10 миллиону 185 ҳазор доллари америкоӣ, 55 миллиону 100 ҳазор рубли Федератсияи Русия, 2 миллиону 600 ҳазор суми Ҷумҳурии Узбекистон, 191 миллиону 779 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қозокистон  ва миқдори дигари муайяни асъори давлатҳои хориҷӣ таъмин намудаанд ва аз ин танҳо ба фоидаи давлат 432 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, бинобар муҳим будани ҳифзи иҷтимоии оила, махсусан таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои узви оилаҳои ақди никоҳашон бекоршуда дар ин давра 194 миллиону 833 ҳазор сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ҳамчун маблағи алимент ситонида шудааст.

Хадамот вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намуда истодааст.

Дар баробари ин, дар сохтори Хадамот раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст. Айни замон, ба ин феҳрист 5100 нафар шахсони воқеӣва 105 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд.

Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи низоми нави корбарӣ то инҷониб нисбат ба  17600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 4500 нафар қарздорон сарҳадҳои мамлакатро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 52 миллиону 914 ҳазор сомонӣ ва 47 317 доллари америкоӣ пардохт намуданд. Бо ин васила иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.

Ҳамзамон, бо мақсади ба таври воқеӣ ва пурсамар амалӣ намудани низоми электронии истеҳсолоти иҷро ва ҳалли масъалаҳои ҷории рақамикунонӣ тибқи фармоиши сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 феврали соли 2025 гурӯҳи корӣ вобастаба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро  ва моҳи марти имсол дар сохтори Хадамот шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро таъсис дода шуд.

Пӯшида нест, ки анҷом додани таҳлилҳои соҳавӣ ва амалӣ намудани дилхоҳ нақшаҳои созанда аз кадрҳои дорои сатҳи баланди донишҳои замонавӣ, покивҷдон ва соҳибихтисос вобастагӣ дошта, бо ин мақсад зарурати ташкил ва баргузор кардани силсилаи чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ барои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад