Иштирокчиёни ҷаласаи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мавзеъҳои таърихию сайёҳии Душанберо тамошо намуданд

Апрель 10, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа  IT — Парки шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанберо тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҷаласа, ки 7 апрел шуруъ шуда, то 11 апрел идома меёбад,  намояндагони 19 давлати ҷаҳон- Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Словения ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) иштирок доранд.

Дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ Форуми байналмилалии «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» низ баргузор гардид.

Иштирокчиёни форум масъалаи густариши ҳамкории мутақобили судманд байни операторони алоқаи барқии мамлакат, фароҳам овардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар давлатҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии мамлакат ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси марказҳо ва махзанҳои коркарди маълумоти калонҳаҷм, густариши истифодаи шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораиро баррасӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ, ки то 11 апрел идома меёбанд, масъалаҳои муҳими танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ дар сатҳи давлатҳои минтақа ва фароминтақа мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 аъзои комилҳуқуқи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад. Маротибаи нахустин аст, ки ҷаласаи ин комиссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори маҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлатҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд