«ҒИЗОИ ШУМО-ДОРУИ ШУМОСТ». Андешаҳои профессор Ҷаҳон Азонов вобаста ба аҳамияти ғизои солим

Апрель 25, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ғизои солим яке аз рукнҳои асосии зиндагии инсонҳо мебошад. Вақте ки инсон фаъолият мебарад ё кори ҷисмонӣ иҷро мекунад, ҳатман энергия сарф менамояд. Манбаи барқарор намудани энергия дар организми инсон ин ғизо аст. Танҳо тавассути истеъмоли ғизо дар бадани инсон энергия ҳосил мешавад. Ин матлабро ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов иброз намуд.

-Ғизоҳои солим дар таркибашон намудҳои гуногуни моддаҳои  фоидаовар доранд. Аз ҷумла, сафедаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва карбогидрат, ки ҳангоми кам ё зиёд шудани маҳсулоти ғизоӣ дар организм ба ҳолатҳои мусбат ва манфӣ оварда мерасонанд. Ғизои солим ғизое аст, ки бадани инсонро бо тамоми маводи зарурӣ ва фаъоли биологӣ таъмин мекунад.

Дар илми тиб се принсипи асосии ғизо вуҷуд дорад. Якум- ин  тавозуни энергия аст. Ҳар қадар энергияе, ки аз бадани инсон хориҷ мешавад, инсон бояд ба миқдори энергияи хориҷшуда ғизо истеъмол намояд. Яъне, тавассути истеъмоли ғизо мо бояд энергияи хориҷшударо барқарор намоем. Дар ин ҳолат нақши ғизои солим хеле баланд аст.

Асоси дуюмро тавозуни маводи ғизоӣ мегӯянд. Яъне, ҳар қадар маводи ғизоие, ки ҳангоми фаъолият сарф мешавад, инсон тавассути маводи ғизоӣ организмро таъмин менамояд. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, маводи ғизоӣ гуфта сафедаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва карбогидратҳоеро дар назар доранд, ки аз организм кам мешаванд.

Дар принсипи сеюм реҷаи хӯрокхӯрӣ ҷой дода шудааст. Агар мо аз рӯи меъёри муайяншуда  ғизо истеъмол намоем, ба бемории ғизоӣ гирифтор намешавем. Имрӯз 20 фоизи тамоми бемориҳо аз таъсири муҳити берунӣ, 10 фоиз аз амалҳои нодуруст, 10 фоизи дигар аз фаъолияти нодурусти тиббӣ ва 60 фоиз аз бемории серғизо вобастагӣ дорад.

То имрӯз ин андешаи Гиппократ аҳамият дорад: «Бигзор ғизои шумо доруи шумо бошад ва доруи шумо ғизои шумо». Зеро ҳамон витамин ва унсурҳое, ки дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ мавҷуданд, бо номи ҳамон дору истеъмол мешаванд. Манбаи асосии ин дору ҳамон маводи ғизоӣ аст. Ин доруҳо дар як марҳила ба организм фоида доранд.  Агар мо ин витаминҳоро аз маводи ғизоӣ гирем, дигар ба он ниёз пайдо намешавад. Яке аз онҳо ин норасоии витамини С мебошад, ки мо пайваста барои худ ва фарзандонамон аз дорухонаҳо онро дар шакли ҳаб ё дигар намуд харидорӣ ва истеъмол менамоем. Агар мо хучро гирифта, дар об ҷӯшонида, дам партоем ва сипас оби онро нӯшем, ин манбаи аслии витамини С мебошад.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки интихобу истеъмоли ғизои солим кафолати некӯаҳволии дарозмуддат аст. Барои фаъолияти муътадили бадан ғизои дуруст зарур аст. Ғизои солим барои нигоҳ доштани вазни солим кумак мекунад, баданро бо витаминҳо ва минералҳои зарурӣ таъмин намуда, хатари инкишофи бемориҳои музминро коҳиш медиҳад. Аҳамият ва вазифаи асосии ғизо- ин гирифтани моддаҳои ғизоии муҳим аз ғизои истеъмолшаванда мебошад.

Дар мамлакатҳои дунё барои беҳбуди ҳаёти башарият ва таъмини онҳо бо ғизои солим тадбирҳо меандешанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ ва таъмин бо маводи ғизои солим дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Ҷаҳон Азонов тавсия медиҳад, ки ғизои солим истеъмол намоед, то ҳаёти фаъол дошта бошед ва хавфи беморӣ коҳиш ёбад. Зеро ғизои солим омили асосии тандурустии инсон ба шумор меравад. Ғизое, ки мо истеъмол мекунем, ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарурӣ таъмин менамояд.

Ғизои носолим ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонида, омили пайдошавии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемории қалб, фарбеҳӣ,  диабет ва баъзе намудҳои саратон мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 25, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд