Коррупсия ба рушди иқтисодии давлат таъсири манфӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва таҳкими шаффофият дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои муассир меандешад. Ин нукта дар вохӯрии ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Хадамоти гумрук баргузор гардид, таъкид шуд.
Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба амалҳои фасодкорона, пешгирии омилҳои марбут ба он ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба оқибатҳои манфии коррупсия ҳадафҳои асосии вохӯрӣ буданд.
Такъид гардид, ки бо мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ таҳия гардида, дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии зарурӣ фароҳам овардааст. Ба андешаи намояндаи масъули мақомоти зиддикоррупсионии ҷумҳурӣ, мубориза бо коррупсия танҳо бо талоши як ниҳод муяссар намешавад, балки он аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамоҳангии байни сохторҳо ва иштироки фаъолонаи ҷомеа вобаста аст.
Дар хотима таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2022–2030» чунин вохӯриҳо бо намояндагони Агентӣ мунтазам баргузор мегарданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






