МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тахач барои бемории меъда, диабети қанд ва зардпарвин муфид аст
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гиёҳи тахач (русӣ — полин, лотинӣ — Artemisia absinthium)-ро дар тибби халқӣ барои табобати захми меъдаву рӯда, ҷигар, бавосиру табларза ва дигар бемориҳо истифода мебаранд. Дар тибби муосир шарбат (сироп)-и тахачро ҳангоми ихтилоли кори узвҳои ҳозима, зиёдшавии шираи меъда, халаю газаки меъда, бемориҳои ҷигару заҳрадон, камхунӣ, бехобӣ ва бӯйи бади даҳон истифода мебаранд. Бо равғани эфири тахач захмҳои гуногун ва сӯхтаро муолиҷа мекунанд.
Тибқи тавсияи гиёҳшиносон, агар тахачро дар об тар карда, ҷӯшонанд ва он обро бинӯшанд, меъдаро қувват медиҳад, иштиҳо меоварад, зардоб ва дигар моддаҳои талхро, ки дар меъда шах шуда бошанд, ба воситаи пешоб хориҷ мекунад.Инчунин тахач барои дардҳои ҷанин, варами рӯ ва дасту поҳо, дардҳои гуногуни буғумҳо давои хуб мебошад.
Абӯалӣ ибни Сино тахачро давои хуби иштиҳоовар номидааст. Ӯ тавсия додааст, ки агар ҷӯшоб ё шираи онро муддати 10 рӯз нӯшанд, барои дарди обхӯра ва вараҷаи кӯҳна муфид аст. Сино бо тахач бемориҳои ҷигар, бавосир, гулӯдард, варами чашм, гӯш, омосҳо ва ғайраро табобат менамуд.
Агар тахачро бо зарпечак якҷо бихӯранд, барои дарди сар, каҷ шудани рӯй, фалаҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), карахтии узвҳо, саръ, сакта, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, бемориҳои чашм, гӯш, даҳан, ҳалқ, меъда, ҷигар, талхадон, сипурз, бачадон ва дарди асабҳо даво мебошад. Он ҳамаи навъҳои кирмро аз шикам меронад.
Дар тибби халқӣ омадааст, ки тахачро дар об ҷӯшонида, он обро бо биринҷи пухтагӣ ё бо наски пухтагӣ бихӯранд, ҳамаи кирмҳои шикамро кушта, берун меоварад.
Гиёҳи хушки онро кӯфта, дар латтаи зағирпоя баста, баъд онро дар оби гарм тар карда, ба чашме, ки дар он нуқтаҳои сурх муддати дароз боқӣ монда бошад, гармбандӣ кунанд, онро нест мекунад.
Тахачро кӯфта, аз рӯйи меъда гузошта банданд, дарди меъдаро шифо мебахшад. Агар дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, меъдаро қувват медиҳад. Инчунин агар ҳар рӯз дар давоми даҳ рӯз 100 грамм аз он об бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад.
Тахачро бо юнуқчаи зардак (говришқа) якҷо дар равғани зайтун пухта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро даво мебахшад.
Истеъмоли ин гиёҳро барои нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, тавсия медиҳанд. Ин гуна беморон онро дар 100 грамм оби ҷӯшонида ба муддати 20 дақиқа нигоҳ дошта, бояд пеш аз наҳорӣ бинӯшанд.
Мутахассисон истеъмоли барзиёди ин гиёҳро тавсия намедиҳанд. Зеро он хосияти паст намудани фишори хунро дорад.
Тахач дар назди истиқоматгоҳҳо, заминҳои партов, киштзор, боғу полиз, саҳро, қад — қади ҷӯйбор ва канори роҳ мерӯяд. Дар Тоҷикистон тахач дар аксар минтақаҳо, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар баландии 800 — 3300 м аз с.б.) вомехӯрад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






