Меҳмонони Форуми байналмилалии занон Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро тамошо намуданд

Апрель 2, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар доираи Форуми байналмилалии занон, ки таҳти унвони «Наврӯз-иди занони ваҳдатсаро» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, меҳмонон Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмонон дар «Қалъаи Хуҷанд» бо таърих, фарҳанг ва санъати меъмории халқи тоҷик шинос гардида, «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ»-ро тамошо намуданд.

Ба меҳмонон, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Қирғизистон буданд. иттилоъ дода шуд, ки «Қалъаи Хуҷанд» яке аз калонтарин қалъаҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Ин қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз мелод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки «Қалъаи Хуҷанд» иншооти бузурги фарҳангӣ буда, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз нав барқарор гардид. Баъди таъмиру навсозӣ 11 апрели соли 2024 Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, дар ҳудуди он бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.

Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо ба рушди илму фарҳанг, балки ба равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардида, диққати сайёҳони дохилиро бештар ҷалб менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 2, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид