Нақши Сарвари сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон дар танзими ҳамкории байнидавлатӣ беназир аст

Апрель 1, 2025 16:09

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Вобаста ба ин  узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин ибрози назар намуд:

-Таҳлилҳои геосиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки имрӯз вазъи ҷаҳони  пурмоҷаро   хеле нигаронкунанда мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо  сарварӣ ва таъсири мардони бузурги дунёи сиёсат таҳкими давлатдорӣ ва ҳамзистии осоишта  идоракунанда  ба шумор меравад. Дар чунин  раванд барои  муътадил намудани вазъ  нақши  сарварони сиёсӣ ва элитаҳои сиёсӣ  пурра  дарк  карда мешавад. Сарварони сиёсӣ ба андешаи мо, дар ин марҳилаи таърихӣ  ба он қодиранд, ки  ба рушди ҷомеа тағйирот ворид намуда, самти  инкишофи  онро дигаргун намоянд.

Аз ҷумла, Сарвари сиёсии тоҷикони ҷаҳон- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  яке аз сарварони муваффақи минтақаи Осиёи Марказӣ  ба ҳисоб мераванд, ки дар фаъолияти сиёсии давлатдориашон тавонистанд дар арсаи  байналмилалӣ ва минтақавӣ  манфиатҳои миллиро  ҳифз  намоянд.

Маълум аст, ки баъди фурӯпошии  Иттифоқи Шуравӣ  дар низоми нави  ҷаҳонӣ андешаву тағйироти  куллӣ  ба  миён омад. Мутаассифона, замоне мавҷудияти  моликияти миллӣ  ҳамчун манбаи  муқовиматҳо байни  давлатҳо шинохта шуда буд. Аз ин рӯ, таъсири тағйирёбии қоидаҳои меъёрҳои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ  парадигмаҳое ба миён овард, ки боиси баҳсҳои мухталиф гардидаанд. Дар ин марҳала баъзан идеяҳои наве дар асоси назарияҳои  низоми нави ҷаҳонӣ пайдо шуданд, ки  ҳато  аз байн бурдани марзҳо, ҳудудҳои миллӣ ва беасос донистани ҳудудҳои назди сарҳадиро  ба  боқимондаи  замони кӯҳна  мансуб медонистанд.

Табиист, ки  дар чунин  ҳолат  ҳалли масъалаҳои  байнисарҳадӣ,  ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ дар  ҳамсоякишварҳои минтақа  ҳар яке хусусияти хос дорад. Хусусан, масъалаи  ҳалли «делимитатсия» ва «демаркатсия» – и  сарҳади байни давлатҳои минтақа на танҳо ба мардуме, ки дар наздикии хати сарҳад  зиндагӣ доранд, балки  ба сарварони сиёсӣ ва намояндагони мардумӣ низ   вобастагӣ дошт.

Аз ин рӯ, тағйироти  сифатии  ҳалли  сиёсии масъалаҳои  байнисарҳадӣ, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ  дар амал хеле мушкилиҳо ба миён оварда буданд, барои ҳамсоякишварҳо  ҳамеша  ниёз ба муколамаи сиёсӣ дошт. Аммо касе аз сарварони  минтақавӣ  инро ба дӯши худ  гирифта наметавонист, зеро  мероси таърихии замони Шуравӣ таъсири худро хеле  жарфтар  ба зеҳну тафаккури мардумони ин минтақа гузошта буд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар амалӣ гардонидани ҳамкории  мутақобили судманди ҳамсоягӣ Президенти Тоҷикистон вобаста  ба идеяи сулҳи пойдор  нақши муҳими сиёсӣ доранд. Дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ он кас нагузоштанд, ки алангаи ҷанги бародаркуш  ба ҳамсоякишварҳо гузарад.

Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки  Консепсияи «Ҳамзистии осоишта» ҳамчун  назария  дар  муносибатҳои ҳасанаи  ҳамсоягӣ  нақши барҷаста дорад. Аммо  дар амал татбиқ намудани он ба роҳбарони сиёсӣ вобаста мебошад. Масалан, имрӯз  Сарвари сиёсии ҷумҳурии мо  дар барқарор намудани  сулҳу салоҳ,  арзишҳои миллӣ, эҳёи хотираи таърихии миллати тоҷик ва дигар ташаббусҳои сатҳи воло зинаи баландтарини фаъолияти сиёсиро  ишғол менамоянд. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ  бо  роҳбарӣ ва ҳидоятҳои  Президенти ҷумҳурӣ  ва заҳмати мардуми  Тоҷикистон ба даст омадаанд,  ки имрӯз  дар сатҳи байналмилалӣ назир надоранд.

Дар баробари ин моҳият, вазифа ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ Президенти мамлакатамонро водор намудаанд, ки ба масъалаҳои манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дигар муносибатҳои  ҳамсоякишварҳо, махсусан ба ҳамзистии осоишта  таваҷҷуҳи хосса  зоҳир намоянд.

Ин аст, ки  31 марти  соли равон баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Ҳамин тариқ, Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ карда шуд.

Инчунин боз  якчанд санадҳои муҳими таърихӣ — Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Ин дар  сиёсати  геостратегии  ин давлатҳо ва раванди  ҳамзиштии осоишта  такони ҷиддӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки эътирофи Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи  ҷаҳонӣ  ва минтақавӣ ҳамчун  Президенти  сулҳпарвар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва шахсияти шинохтаи сиёсии соҳибтаҷриба эътирофи нангу номуси миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз баҳогузорӣ  ба  фаъолияти Президенти Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бояд на аз рӯи эҳсосоти шахсӣ, балки аз рӯи меъёрҳои таҳқиқи амиқу дақиқи  фаъолияти  амалӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳо дода шавад. Албатта, андешаҳо нисбат ба ҳалли масъалаҳои марзӣ байни  ҳамсоякишварҳои  Осиёи Марказӣ  хеле гуногунанд.  Аммо пешдастӣ ва фаъолнокии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъала хеле барҷаста ва саривақтӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи минтақавӣ мустақилона бе кумаки дигар миёнаравҳо бартараф намудани низоъҳои байнисарҳадӣ  ва бо роҳи гуфтушиниди тарафайн ҳал намудани ҳудудҳои давлатӣ боиси дастгирии мардумони ин мамлакатҳо гардидааст. Албатта,  нақши  сарварони сиёсии ин ҷумҳуриҳоро мо бояд дар муносибатҳои   дуҷонибаю бисёрҷонибаи сиёсӣ ҳамчун намунаи ибрат қабул намоем.

Мавриди  тазаккур аст, ки  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ дар якҷоягӣ бо дигар сарварони сиёсии ҷумҳуриҳои ҳамсоя:  муҳтарам  Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров тавонистанд, ки дар воқеияти инкишофи муносибатҳои  минтақавии мамлакатҳои  Осиёи Марказӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти мардумро дар мадди аввал гузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       

Апрель 1, 2025 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии китоб таҷлил мегардад
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
1 апрел — Рӯзи байналмилалии парандагон. Дуғдоғ парандаи соли 2025 аст
«ЧУ ФАРЗАНДИ ТУ ҲОЗИРАМ БАР ДИФОЪ!». Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид
«МАЛИКАИ ТАБИАТ». Моҳи апрел дашту теппаҳои Тоҷикистон лолапӯш мешаванд
ЧУН ДУШАНБЕ МАН НАДИДАМ САБЗШАҲРЕ ДАР ҶАҲОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дуруст интихоб намудани касб чӣ бояд кард?
Пешвои миллат дар бораи Иди байналмилалии Наврӯз: «Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст»
Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба беморони дорои фишори баланди хун тавсия дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳ ва ваҳдат дар минтақа
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои пешгирии аллергия тарзи ҳаёти солимро бояд интихоб намуд