Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистонро, ки дар заминаи эътимоду боварии мутақобила рушду тавсеа меёбад, баррасӣ намуданд.
Имзои Аҳдномаи байни ду кишвар дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ рӯйдоди муҳимми таърихӣ номида шуд.
Ҳар ду ҷониб аз тавсеаи бемайлони равобити байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Маҷлис изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳим шумориданд.
Дар идомаи суҳбат доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






