Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулин чиҳати бунёди Мактаби барномасозӣ дар пойтахт дастур доданд

Апрель 8, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи бинои IT — Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор мегардад, барои ҳарчи зудтар таҳия намудани лоиҳаи Мактаби барномасозӣ дар пойтахт ва бунёди он дар муддати кӯтоҳтарин ба масъулини мақомоти шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ намоишгоҳи гӯшаҳои технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотиро тамошо намуда, бо имконияти рақамии ширкатҳои ватанӣ шинос гардиданд. Ин чорабинӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, қадами устувор барои расидан ба ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)  мебошад. IT — Парки шаҳри Душанбе соли 2024 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, бо мақсади дастгирии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ, инчунин ҷалби стар тапҳо ва ширкатҳои соҳа ба рушди иқтисоди рақамӣ татбиқ гардидааст.

Дар муддати кӯтоҳ бинои  IT — Парк бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои мутахассисони соҳаи IT муҳити мусоид ва имконияти фаровон фароҳам меорад. Ба ҳолати имрӯза 11 ширкати ватанӣ мақоми аъзои доимии IT — Паркро соҳиб гардида, дар ҳудуди он фаъолият доранд.

Бо мақсади рушди минбаъда то охири сол боз ҷалби 100 ширкати дигар ба ҳайси аъзои доимӣ пешбинӣ гардидааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муҳаррики рушди устувори кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти ин равандро ба ҳисоб гирифта, ба марҳилаи нави рушди рақамӣ ворид мегардад.

Мавриди таъкид аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иқтисоди рақамӣ, бахусус рушди инноватсия дар мамлакат мавқеи хосса касб намудааст.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити босуръати тағйирёбии ҷаҳони муосир кишваре метавонад дар радифи давлатҳои пешрафта қарор гирад, ки ба рушди илм, технология ва рақамисозии идоракунӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ҳамрадифи замон қадам монад. Аз ин рӯ лоиҳаи омӯзиши фанни зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки то соли 2026 татбиқ мешавад, ба рушди заминаи кадрӣ ва  ташаккули насли рақамӣ мусоидат менамояд.

ар ин замина татбиқи шабакаи 5G яке аз афзалияти асосӣ ба ҳисоб рафта, ба дастрасии интернет ва рушди хизматрасонии рақамӣ мусоидат менамояд. Чорабинӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия дар мамлакат ба ҳисоб рафта, дар доираи ифтитоҳи IT — Парки нав давоми ҳафта ҳамчунин баргузор гардидани намоишгоҳҳо, форумҳо, озмунҳо, мастер классҳо ва музокираҳо марбут ба ояндаи рушди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 8, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад