«РОҒУН-КОХИ НУР». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон таҳти унвони «Роғун – Кохи нур» ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон «Роғун – Кохи нур» бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии мамлакат, бунёди яке аз иншооти муҳиму стратегии мамлакат- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил карда шуд.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, мудири бахши фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва сардори Раёсати кадрҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» Сайдулло Абдулаҳадзода доир ба аҳамияти бунёди ин неругоҳ ва нақши он дар таъмини яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -таъмини амнияти энергетикии мамлакат сухан намуданд.
Ҳамзамон доир ба таърихи бунёд ва рушду навсозии фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» сухан гуфта, таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуд. Ин муҳимтарин дастоварди энергетикии Тоҷикистон мебошад.
«Тасвири фаъолияти гуногунҷабҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар асарҳои рассомони Тоҷикистон падидаи муҳими фарҳангӣ буда, дар муаррифии корномаҳои бунёдкорони ин иншоот нақши назаррас дорад»,- иброз доштанд иштирокдорони намоиш.
Дар асарҳои офаридаи рассомони тоҷик меҳнатдӯстию мардонагии коргарону мутахассисон ва муҳандисони ин иншооти бузурги аср таҷассум гардидааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон













Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






