СИФАТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо оид ба дидгоҳ ва фаъолияти амалии Президенти Тоҷикистон доир ба ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нақши мактаб барои омӯзишу фарогирии забони модарӣ ниҳоят бузург аст, вале, мутаассифона, шеваҳо ва усулҳои таълими забони модарӣ мусоидат бар он намекунанд, то ки мактабиён пас аз ёздаҳ соли таълим забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар намоянд ва ба таври озод навиштану суҳбат карданро ёд гиранд.
Бо таваҷҷуҳ ба нақши муассири мактаб дар забономӯзонӣ ва усулҳои кунунии таълими забон дар онҳо Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки вазифаи асосии мактабу маориф имрӯз ба насли наврас омӯзонидани забони умумитоҷикӣ – забони меъёр, забоне, ки бояд батадриҷ забони тамоми тоҷикон, новобаста аз маҳаллу минтақаи зисташон гардад, мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон усули кунунии таълими забони модариро, ки бар асоси шеваҳои кӯҳна бунёд ёфтааст, барои имрӯз ғайри қобили қабул арзёбӣ намуда, ба ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки сабку равиши таълим бояд таҷдиди назар карда шавад. Зеро чунин усули таълими забони модарӣ барои соҳибзабонон ва намояндагони забонҳои дигари сокини ҷумҳурӣ чандон самарабахш нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин супориш доданд, ки таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳияи китобҳои дарсӣ, вожаномаву фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ, маводи таълимӣ ва дигар воситаи омӯзишии марбута бояд ҳатман аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд ва фақат баъд аз он ба чоп тавсия шаванд.
Нокоромадии усулу шеваҳои имрӯзаи омӯзиши забон аз ин суханони бо таассуф иброздоштаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равшанӣ намоён мегардад: «Пас аз ёздаҳ соли таълим дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва панҷ соли омӯзиши забон дар мактабҳои олӣ иддае аз хатмкунандагон забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар карда наметавонанд ва бо ин забон ба таври озод навиштан ва суҳбат карданро ёд намегиранд».
Неру бахшидан ба раванди табдили забони адабии тоҷикӣ ба забони умумимиллӣ
Нерумандатарин забон ҳамон забон аст, ки сохтори забони меъёр бо сохтори гӯишу лаҳҷаҳои гӯяндагонаш фарқи хеле кам дошта бошад. Масалан, забони русӣ ба чунин дараҷаи такомул расидааст, ки сохтори забони адабӣ бо сохтори забони гуфторӣ тақрибан фарқ надоранд. Дар мавриде, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ, муоширати байни сокинони ҷумҳурӣ, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад ва бо ин забон санадҳои ҳуқуқӣ, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, дар минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ забони давлатӣ танинандоз аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маъруфият касб менамояд, ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ба таври ҳамагонӣ талош варзем. Кӯшиш намоем забони модарии худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки на фақат дар саҳифаи китобҳову рӯзномаҳо менависему аз минбарҳо ва дар телевизион гап мезанем, балки дар ҳаёти одӣ ва бо наздикону дӯстону ҳамсоягону ҳамватанон бо он суҳбат мекунем, табдил диҳем.
Ба манзури ҷиддӣ намудани талаботи забондонии онҳое, ки довталаби вазифаҳои роҳбарӣ ва намояндагӣ дар парлумони мамлакат ва мақомоти намояндагӣ дар маҳалҳо мешаванд, бо супориши Сарвари давлат дар якчанд санадҳои марбут меъёрҳое дохил карда шуданд, ки донистани хуби забони давлатиро ба таври ҳатмӣ тақозо мекунанд. Чунин талабҳо нисбат ба кадрҳои сатҳҳои миёнаи роҳбарӣ низ амалӣ карда шудаанд.
Умед аст, ки ин иқдом дар якҷоягӣ бо фаъолияти муносиби ниҳодҳои таъсиргузор, ба монанди мактаб ва расонаҳо дар амри ҳарчи бештар ва пештар ба забони умумимиллӣ табдил гардидани забони меъёр мусоидат менамоянд.
Меъёр ва ҳусни баён
Шевову равон ва дурусту беғалат сухан гуфтан мавзуи ҳамешагӣ дар ҳар забон аст. Вале дар забони мо ин масъала аҳамияти бунёдӣ дорад, зеро зебоӣ, латифӣ, ширинӣ аз вижагиҳои забони тоҷикӣ мебошанд. Забони тоҷикӣ бо вожагони зебову савти дилнишин ва баҳамомезии мавзуни калимаҳо гӯши шунавандаро менавозад ва ҳамчун нағмаҳои парандагони хушхон бо навоҳои дилангез қалбу руҳи инсонро фараҳманд мегардонад.
Зоти забони тоҷикӣ ширин аст ва дар ҳамбастагӣ бо савтиёти гуворо ва маънову мафҳумҳои баланд, зинату зевари ҳунариву бадеӣ некутарин ва баландтарин мақому ҷойгоҳро дар ҷамъи забонҳои дунё соҳиб гаштааст. Бисёре аз шарқшиносони номдори ҷаҳон забони тоҷикии форсиро медонанд. Ва ҳангоме ки аз онҳо мепурсанд, ки чаро забони моро омӯхтаанд, посух медиҳанд, ки осори навишташуда ба забони форсии тоҷикӣ ганҷинае аз илму донишу маърифат аст, аз ин рӯ, мехоҳанд худашон, бе миёнҷӣ ба ин ганҷи гаронбаҳо даст ёбанд ва баҳра гиранд.
Дар Бангладеш дар маросими таваллуди навзодон мардуми ин мамлакат ашъори Мавлоноро ба забони асл аз ёд мехонанд, ҳарчанд ки забони тоҷикиро хуб намедоданд.
Ё ин ки суруди миллии Покистон ба забони тоҷикӣ аст ва бисёре аз андешамандон, бузургони илму адаб ва сиёсати ин мамлакат бо забони тоҷикии форсӣ ошноӣ доранд.
Мо, ки меросдори азамати таърихии ин забони тавоно ва шево ҳастем, бояд аз соҳиби чунин забони оламгир будан бинозем, талош намоем, ки бар тавоноиву шевоияш биафзоем, бо ишқу дилдодагӣ ба ҳифзу ҳиросаташ камар бандем ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷинаи гаронбаҳоро вазифаи фарзандии худ шуморем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик аз вазифаву рисолати касбии рӯзноманигорон сухан намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва, умуман аҳли қалам мебошад. Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».
Ин панди устодонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи аҳли қалам ва хусусан барои рӯзноманигоро, бояд сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бошад.
Дурусту беғалат нигоштани лавҳаҳо, овезаҳо, боннерҳову плакатҳо
Яке аз мушкилот дар иҷрои муқаррароти Қонуни забон ба масъалаи эълону реклама, лавҳаю овезаҳо, номгузории муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ марбут аст. Дар баъзе мавридҳо навиштаҷоти рекламаи ороиши берунӣ ва дигар лавҳаю овезаҳо бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мешаванд, ки ин як навъ қонуншиканӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат номҳои фаровони хориҷӣ, ки ба қонунгузории мо мухолифат доранд, ба мушоҳида мерасанд. Номгузорӣ ба забонҳои хориҷӣ беэҳтиромӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар баъзе лавҳаҳо, баннерҳо ва овезаҳо бо табрику таманноҳои идона қоидаҳои одитарини имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд ва онҳо пур аз ғалату иштибоҳ мебошанд.
Матни норавону пурғалати овеза ва шиору рекламаҳо беэҳтиромиро ба забони модарӣ ба миён меоварад. Бино бар ин, агар ҳалли оқилонаву равшангаронаи ин масъала, аз як сӯ, вазифаи ороишгарону рассомону тарҳрезон бошад, аз сӯи дигар, вазифаи роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Чопи китоби олимон ва адибони гузашта
Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонамонро, ки ганҷинаи бузурги маънавӣ мебошад, барои тарбияи мардум дар руҳи худогоҳию ватандӯстӣ истифода намоем. Осори илмӣ, адабӣ ва фалсафии бузургони миллати мо осори кӯҳнашудаи гузашта нест, балки он имрӯз ҳам чун сарчашмаи ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир хизмат карда метавонад. Ин мероси пурбаҳои адабӣ барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодааст, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав инсони худшиносу худогоҳ ва дорои ахлоқи неку маънавиёти баландро тақозо менамояд. Ва, хушбахтона, осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозад.
Дуруст аст, ки дар даврони шуравӣ бо саъю талоши олимону нависандагон теъдоди зиёди осори арзишманди классикони адабиёти мо ба алифбои муосири тоҷикӣ баргардонида шуданд. Аммо садҳо дафтару девон ва даҳҳо рисолаҳои илмиву бадеии дигар аз назари хонанда дур мондаанд. Ин китобҳоро ба расмулхати имрӯзаи тоҷикӣ баргардондан кори бо аҳамият мебошад. Вале бояд дар ин замина низ масъулиятшинос бошем ва ин осори пурарзишро беғалат баргардон намоем ва дар шакли китобҳои хушсифату бобақо ба мардум дастрас намоем.
Аз соли 2004 инҷониб ҳамасола аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табъу нашр ба таври мақсаднок маблағ ҷудо мешавад. Дар натиҷа ҳар сол аз тариқи нашриёти «Адиб», «Ирфон» ва дигар муассисаҳои табъу нашр даҳҳо номгӯй китобҳои адибони гузашта ба табъ расида, дастраси ихлосмандони каломи бадеъ мегарданд.
Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина чунин таъкид менамоянд: «Он китобҳоеро бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро равшан намоянд, неруи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили мардум барафрӯзанд».
Омӯзиши хати ниёгон
Президенти Тоҷикистон мавзуи суръату сифати тоза бахшидан ба раванди омӯзиши хати ниёгонро муҳим арзёбӣ намуда, ба Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дастур додаанд, ки доир ба густариши таълими хати ниёгон тадбирҳои муассир андешанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз доштаанд, ки зиёиён низ вазифадоранд дар ин кори хайр саҳм гузоранд.
Ҳифз ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофӣ
Яке аз масъалаҳои дорои аҳамияти муҳим дар шинохти суннат ва арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофӣ мебошад. Номҳо чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштагони ҳар қавму миллат мебошанд, ки бо мурури замон тағйир ёфтаанд. Дар шакли дуруст барқарор намудани онҳо маънои дар дилу ҳофизаи насли имрӯз зинда намудани рӯзгорони пурифтихори гузаштагон ва ному кори неки онҳоро дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳифз намудан ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофиро чунин тавсиф намудаанд: «Яке аз масъалаҳои муҳим барои таърихи миллат ин гирдоварӣ ва омӯзишу таҳқиқи дақиқи номҳои ҷуғрофӣ мебошад. Бар асоси таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ анҷом гирифтааст, ҳар як номи ҷуғрофӣ дар асоси манбаъҳои хаттӣ бояд мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шавад. Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд».
Номгузории фарзандон
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузории фарзандонро рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳангии миллат тавсиф намуда, тасреҳ намудаанд, ки номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки давоми асрҳо рушд ёфта, бо сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртиботи узвӣ пайдо кардаанд.
Нақши номгузорӣ дар шахсияти инсон хеле муҳим аст. Номи зебову муносиб бунёдгузори шахсияти кӯдак аст. Номи фарзанд дар шаклгирии шахсият таъсири фаровон дорад. Кӯдак хеле зуд номашро ёд мегирад ва бо номи худ хешро шахсияти мустақил эҳсос мекунад. Аз ҳамин рӯст, ки аз қадимулайём падару модарон кӯшиш мекардаанд, ки ба фарзандони худ номҳои муносиб гузоранд. Баъзеҳо ба фарзандонашон номи ниёгони худро мегузоранд, то ёду хотираи ононро зинда созанд. Ва бархе номи бузургон ва қаҳрамонони миллиро бар онон мениҳанд, ба он умеде, ки фарзандонашон хислатҳои он бузургонро гиранд.
Муҳимтарин нукта дар ин мавзуъ насабпазирии шаҳрвандон бар тибқи анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи миллӣ мебошад. Меъёрҳои ному насабгузорӣ дар Қонуни забон инъикоси худро ёфтаанд. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрӯзаи мову шумост. Асолат омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат аст ва шинохту татбиқу тақвияти огоҳонаи он бақо ва ҳастии миллати соҳибистиқлолро ифода менамояд. Агар нектар назар намоем, ном воқеан ҳусни сират аст. Бахусус номгузории ашхос ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ қисми ниҳоят муҳим ва арзишманди суннати номгузории мост, ки меъёрҳояш дар Қонуни забон баён шудаанд».
Чунинанд умдатарин роҳбурдҳо, роҳнамоиҳо ва дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бобати омӯхтан, гиромӣ доштан, ҳифзу ҳиросат намудан ва ба қудрату тавоноии забони тоҷикӣ афзудан баён доштаанд. Умедворем, ки ин нуктаҳои санҷида ва раҳнамунсози Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳаммеҳанон, пеш аз ҳама, ҷавонону наврасон ба сифати дастури роҳнамо хизмат хоҳанд намуд.
Зафар САЙИДЗОДА,
мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих
АКС аз бойгонӣ