ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, ҷумъа, 115-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 25, 2025 08:00

25 апрели соли 1996 нахустин ҳафтаномаи хусусии «Чархи гардун» нашр гардид.

***

25 апрели соли 2011  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

***

25 апрели соли 2012  дар шаҳри Душанбе муколама аз рӯи ҳуқуқҳои инсон байни Тоҷикистон ва  Швейтсария баргузор гардид.

***

25 апрели соли 2014 дар шаҳри Пекин таҳти раисии  Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Гурӯҳи кории коршиносон оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон, инчунин машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзуи «Ҳамкорӣ байни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.

***

25 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дзюдочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков барандаи мусобиқаи Ҷоми кушоди Африқо гардид.

***

25 апрели соли 2018  дар Боғи фарҳагӣ-фароғатии «Ҷавонон» зери шиори «Неруи Осиё» чорабинии варзишии «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид. Дар он  зиёда аз якуним ҳазор ҷавонону варзишгарон, намояндагони Шурои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 иштирок намуданд.

***

25 апрели соли 2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.

***

25 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати муҷаддадан интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

25 апрели соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии «Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор»-и роҳи байналмилалии Бохтар – Левакант – Данғара — Кӯлоб оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон — 2024 баргузор гардид.

***

25 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин мамлкат мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюй мулоқот намуданд.

***

25 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор шуд

25 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии пингвинҳо.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа.

 

 

Апрель 25, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, панҷшанбе, 114-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, чоршанбе, 113-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, сешанбе, 112-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, душанбе, 111-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, якшанбе, 110-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, ҷумъа, 108-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, панҷшанбе, 107-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, чоршанбе, 106-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, сешанбе, 105-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, душанбе, 104-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 апрел, якшанбе, 103-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, шанбе, 102-умин рӯзи соли 2025 аст