ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, якшанбе, 117-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 27, 2025 08:00

27 апрели соли 1930 дар Душанбе аввалин театр-студияи мусиқавӣ таъсис ёфт.

***

27 апрели соли 1933 Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон  – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

***

27 апрели соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон-интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

***

27 апрели соли 2016  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш  истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Норак» ташриф оварда,  дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

***

27 апрели соли 2022 вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

27 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30-солагии барқароршавии  робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ  мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.

***

27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

27 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо.

***

Дар ИМА — рӯзи ниҳолшинонӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Марат Орипов -соли  1935–  ҳунарпешаи кинои тоҷик, коргардони кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Апрель 27, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, шанбе, 116-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, ҷумъа, 115-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, панҷшанбе, 114-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, чоршанбе, 113-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, сешанбе, 112-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, душанбе, 111-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, якшанбе, 110-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, ҷумъа, 108-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, панҷшанбе, 107-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, чоршанбе, 106-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, сешанбе, 105-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, душанбе, 104-умин рӯзи соли 2025 аст