ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 апрел, сешанбе, 98-умин рӯзи соли 2025 аст

8 апрели соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
***
8 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.
***
8 апрели соли 2019 паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран Прии Анталия соҳиби медали биринҷӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид.
***
8 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
8 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.
***
8 апрели соли 2023 Тоҷикистон ва Сербия масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
8 АПРЕЛ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи иқтисодчиён.
***
Дар Русия- Рӯзи аниматсия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ато Мирхоҷа — соли 1963 — рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон