Вазорати нақлиёт дар ноҳияҳои Рӯдакию Восеъ ду ва дар Бадахшон сохтмони якчанд кӯпрукро ба нақша гирифтааст
ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Кореяи Ҷанубӣ ISAN Corporation дар бораи пешниҳоди хизматҳои консалтингӣ қарордод ба имзо расид, ки ҳадафи он омода кардани асосҳои техникӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои муфассали корӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва воситаҳои экологӣ барои сохтмони ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ду пули дигар дар ноҳияи Восеъ мебошад.
Ин нуктаро Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии Роҳбари Дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Вей Винни Ванг иброз намуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки дар доираи татбиқи Барномаи беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ) моҳи апрели соли 2024 вазорат бо ширкати машваратии бритониёии EASST Expertize LTD барои расонидани хизматрасонӣ оид ба дастгирии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи истифодаи камарбанди бехатарӣ қарордод ба имзо расонид.
Ҳамзамон якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ, ба монанди таҷдиди роҳи автомобилгарди «Хуҷанд – Исфара» ва сохтмони якчанд пул дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муваффақона амалӣ карда шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин пулҳо усулҳои инноватсионӣ ва маводи босифат истифода бурда, шабакаҳои габионӣ насб карда шуданд.
Вазири нақлиёти мамлакат ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтор, татбиқи технологияи пешрафта ва ҳалли устувори нақлиётро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






