Вобаста ба тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ»- таҳти чунин унвон бо ибтикори Институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он олимону коршиносони соҳа аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Русия ва Фаронса сухан намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни ифтитоҳи конфронси илмию амалии байналмилалии «Тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ» гуфа шуд, ки тибби сайёҳӣ дар замони муосир ба бахши муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар он тиб ва сайёҳӣ бо ҳам иртиботи зич доранд. Нақши чунин конфронсҳои байналмилалӣ дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва омӯзишии байналмилалӣ муҳим мебошад.
Дар конфронси байналмилалӣ олимону коршиносони соҳа аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Фаронса маърузаҳои пурмуҳтаво намуда, мавқеъ ва дурнамои рушди тибби сайёҳиро аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ карданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд






