Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!

Май 16, 2025 10:38

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ вобаста ба воридшавии бренди Чанган (Changan) ба бозори Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ намояндагони идораи марказии ширкати бренди Чанган (Changan) ва роҳбарияти холдинг иштирок доштанд.

Тавре гуфта шуд, Чанган (Changan) яке аз ширкатҳои пешсаф дар саноати мошинсозӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар Тоҷикистон дистрибютори (ширкати паҳнкунандаи) расмии Чанган (Changan) — холдинги Вектор (Vector) мебошад.
Ширкат якчанд мошинҳои тамғаи Чанган (Changan), Чанган НЕВО (Changan NEVO), ДИПАЛ (DEEPAL) ва Чанган КАЙЧЕНГ (Changan KAICHENG)-ро ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

Ширкат инчунин хизматрасониҳои лизинги корпоративӣ (иҷораи молиявии иттиҳодиявӣ), барномаи Trade-In (иваз кардани мошини кӯҳна ба нав) ва хизматрасонии техникиро ба харидорон пешниҳод менамояд. Чанган (Changan) ба татбиқи технологияи экологӣ ва “сабз” аҳамияти махсус медиҳад.

Бино ба иттилои роҳбари «CEO-и InternationalAutoholdingVECTOR» Юрий Мошуров, дар айни замон ширкат дар шаҳри Душанбе маркази дилерии (тиҷоратии) Чанган (Changan)-ро расман ифтитоҳ намуда, ба фаъолият оғоз кардааст.

«Ин марказ дорои масоҳати калон, инфрасохтори муосир ва «шоу-рум» бо тамоми шароити зарурӣ мебошад. Мо эътимод дорем, ки ин қадам марҳилаи муҳим дар рушди бренди (тамғаи) Чанган (Changan) дар бозори Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат на танҳо барои сокинони пойтахт, балки барои тамоми шаҳрвандони мамлакат бояд баробар таъмин бошад. Маҳз бо ҳамин мақсад мо барномаи васеъкунии худ, рушди шабакаи дилерӣ ва хизматрасонӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистонро ба нақша гирифтаем. Мо имконияти ифтитоҳи марказҳои фурӯш ва хизматрасониро дар шаҳрҳои калон ва минтақаҳои муҳим баррасӣ дорем. Ширкати мо нақша дорад, ки дар ояндаи наздик марказҳои хизматрасонии худро дар тамоми гӯшаву канори мамлакат кушояд, то ҳар муштарӣ, новобаста аз ҷойи зисташ аз хизматрасонии босифат, дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ ва тест-драйвҳо истифода барад»,-илова намуд Юрий Мошуров.

Директори тиҷоратии «CHANGANEurasiaBusinessUnit» Ҳенри Ҳуанг Шуҳо баён дошт, ки ба тамоми мизоҷоне, ки ин мошинҳоро харидорӣ менамоянд, ба таври техникӣ ва сайёр хизмат расонида мешавад. Ин бренд бо навоварӣ, тарроҳӣ ва таҷҳизоти муосир, инчунин сатҳи баланди бехатарӣ ва боэътимодӣ аз дигар рақибон фарқ мекунад.

«Яке аз бартариҳои мошинҳои барқӣ ва гибридии Чанган (Changan) — ин имконияти зуд неругирӣ мебошад. Мошинҳои мо дар муддати танҳо 15 дақиқа ба таври фаврӣ ва тақрибан дар як соат ба таври пурра неру мегиранд. Ин хусусият онҳоро барои истифодаи ҳаррӯза, бахусус дар шароити шаҳрӣ ва реҷаи серкорӣ бисёр мувофиқ мегардонад. Мо хуб дарк мекунем, ки барои рушди минбаъдаи ширкат дар Тоҷикистон зарур аст, ки ба талаботи бозор мутобиқ бошем. Дар тамоми ҷаҳон ширкатҳое, ки ба фурӯши мошин машғуланд, имкони истеҳсол ё ҷамъоварии мошинҳоро дар давлати ба фурӯш бароварда низ ба назар мегиранд. Яке аз омилҳои асосӣ — талаботи бозорӣ ва сатҳи маъруфияти бренд мебошад. Агар моделҳои Чанган (Changan) дар байни истеъмолкунандагони тоҷик талаботи зиёд пайдо намоянд ва бренд мақоми мустаҳкам пайдо кунад, мо, бешубҳа, баррасии имконияти истеҳсол ё ҷамъоварии мошинҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон ба нақша мегирем»,-гуфт директори тиҷоратии «CHANGANEurasiaBusinessUnit».

Зимни чорабинӣ иброз гардид, ки ширкат кӯшиш менамояд, ки ба бозори Тоҷикистон на танҳо маҳсулот, балки инфрасохтор, ҷойҳои корӣ ва таҷрибаи байналмилалиро ворид намояд.

Мақсади ширкат — фароҳам овардани шароити муосир ва хизматрасонии босифат барои ҳар мизоҷ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат аст.

Зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон ба масъулин саволҳо пешниҳод шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 воридоти мошинҳои барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намуд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва қарор «Дар бораи гузариши пурра то 1 сентябри соли 2025 ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ» — ро имзо намуданд.

Ҳоло афзоиши шумораи нақлиёти «сабз» дар Тоҷикистон вазифаи авлавиятнок эълон шудааст.

Май 16, 2025 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст