Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истиноб ба Шурои ҷамъиятӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа доир ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ фикру ақидаҳо баён гардида, оид ба иқдоми андешида ва дурнамои ҳамкории илмӣ-маърифатӣ изҳори назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Бояд истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода шуда, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон тақвият дода шавад.
Дар анҷом аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






