Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид

Май 1, 2025 17:03

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм бо баргузории конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода вобаста ба муҳимияти баргузории конференсия сухан намуд. Иброз гардид, ки донишгоҳ дар самти самаранокии илм яке аз муассисаҳои пешбари илм на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои устодону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифи илми тоҷик дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мебошад.

Дар конференсия  як гурӯҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дар доираи Ҳафтаи илм, ки аз 21 то  28 апрел идома ёфт, аз ҷониби устодону кормандон 246 мақола доир ба масъалаҳои мубрами илм пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Май 1, 2025 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд