Дар Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид

Май 29, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар форум беш аз 100  ҷавон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок доранд.

Аз шумораи умумии 100 ҷавони иштироккунанда дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо 10 нафар намояндаи мамлакатҳое мебошанд, ки дар он ҷойҳо пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим осебпазир ҳастанд.

Зимни форум баён шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим аллакай фаъолияти баланд нишон медиҳанд: ташаббусҳои ҷавонон оид ба тоза кардани рӯдхонаҳо, ниҳолшинонӣ, гузаронидани машварату ҳашарҳои экологӣ ва марафон аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонон нисбат ба ташаббусҳои рақамӣ: эҷоди видеоҳои маърифатии экологӣ, маъракаҳои онлайн ва инфографика оид ба таъсири тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Иброз гардид, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатеро, ки дар суханронӣ ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон баён гардидаанд, бахусус Ташаббуси глобалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо фаъолона амалӣ менамояд.


«Мо ҳамасола чорабиниҳои экологӣ, лагерҳои таълимӣ, озмунҳо ва конфронсҳои мавзуӣ ташкил менамоем, ки дар онҳо ҷавонон метавонанд дониши худро дар бораи тағйирёбии иқлим амиқтар намоянд. Барои марказҳои ҷавонон ва маҳфилҳо низ адабиёти таълимию методӣ нашр карда мешавад», — изҳор карда шуд дар форум.

Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва суҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар онҳо ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша менамоянд.

Аввалин маротиба дар форум асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чӣ гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод мегарданд.

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонанд тавассути ин галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо бинанд ва садои онҳоро шунаванд. Ин иқдом  муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро барои кӯдакон таъкид менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид