Дар Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар форум беш аз 100 ҷавон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок доранд.
Аз шумораи умумии 100 ҷавони иштироккунанда дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо 10 нафар намояндаи мамлакатҳое мебошанд, ки дар он ҷойҳо пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим осебпазир ҳастанд.
Зимни форум баён шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим аллакай фаъолияти баланд нишон медиҳанд: ташаббусҳои ҷавонон оид ба тоза кардани рӯдхонаҳо, ниҳолшинонӣ, гузаронидани машварату ҳашарҳои экологӣ ва марафон аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонон нисбат ба ташаббусҳои рақамӣ: эҷоди видеоҳои маърифатии экологӣ, маъракаҳои онлайн ва инфографика оид ба таъсири тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Иброз гардид, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатеро, ки дар суханронӣ ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон баён гардидаанд, бахусус Ташаббуси глобалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо фаъолона амалӣ менамояд.


«Мо ҳамасола чорабиниҳои экологӣ, лагерҳои таълимӣ, озмунҳо ва конфронсҳои мавзуӣ ташкил менамоем, ки дар онҳо ҷавонон метавонанд дониши худро дар бораи тағйирёбии иқлим амиқтар намоянд. Барои марказҳои ҷавонон ва маҳфилҳо низ адабиёти таълимию методӣ нашр карда мешавад», — изҳор карда шуд дар форум.
Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва суҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар онҳо ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша менамоянд.
Аввалин маротиба дар форум асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чӣ гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод мегарданд.
Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонанд тавассути ин галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо бинанд ва садои онҳоро шунаванд. Ин иқдом муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро барои кӯдакон таъкид менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






