Дар Душанбе форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» оғоз гардид

Май 29, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо», ки яке аз чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, дар айни замон дар Китобхонаи миллӣ ба кор шуруъ намуд. Ҳамзамон Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро  Ҷумҳурии Тоҷкистон бар зимма дорад, расман оғоз ёфт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъол иштирок доранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар оғози конфронс иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташаббускори ҳалли масъалаҳои обу иқлим буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд, пазироӣ ва пуштибонӣ менамояд.

«Бо ҳамин мақсад имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба кор шуруъ намуданд, ки он имконияти хуб барои ҳалли ин масъалаи ҷаҳонӣ мебошад»,-гуфт Дилрабо Мансурӣ

Иброз гардид, ки ҳадафи форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.

Форум имрӯз то нисфирӯзӣ идома ёфта дар назар аст, ки иштирокчиён мавзуъҳои «Нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», «Ташаббусҳои созандаи занон дар ҳифзи пиряхҳо»-ро баррасӣ намоянд. Ҳамзамон ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд