Дар Душанбе форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо», ки яке аз чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, дар айни замон дар Китобхонаи миллӣ ба кор шуруъ намуд. Ҳамзамон Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷкистон бар зимма дорад, расман оғоз ёфт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъол иштирок доранд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар оғози конфронс иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои обу иқлим буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд, пазироӣ ва пуштибонӣ менамояд.
«Бо ҳамин мақсад имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба кор шуруъ намуданд, ки он имконияти хуб барои ҳалли ин масъалаи ҷаҳонӣ мебошад»,-гуфт Дилрабо Мансурӣ
Иброз гардид, ки ҳадафи форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.
Форум имрӯз то нисфирӯзӣ идома ёфта дар назар аст, ки иштирокчиён мавзуъҳои «Нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», «Ташаббусҳои созандаи занон дар ҳифзи пиряхҳо»-ро баррасӣ намоянд. Ҳамзамон ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






