Дар Душанбе рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба самаранокии муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Ҷопон дар мулоқоти муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кэйко мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали соли 1992 барқарор шуда, давоми ин солҳо таҳким ёфтанд. Ҳамзамон барои рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хуб, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омад.
Иттилоъ дода шуд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро беш аз 63 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон соли 2008 таъсис ёфта, барои рушди ҳамкории байнипарламентӣ фаъолияти муназзам дорад.
Иброз гардид, ки робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон минбаъд низ рушд ёфта, дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии ҳарду давлат нақши муҳим мегузоранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






